Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сониҳаи ҳавопаймои борбари артиши Русия


Сониҳаи ҳавопаймои боркаши марбут ба нирӯҳои ҳавоии артиши Русия дар ҷануби Маскав мунҷар ба ҳалокати 11 тан аз сарнишинонаш шудааст. Як манбаъ дар вазорати дифоъи Русия гуфтааст, ҳавопаймои АН-22, ки аз Воронеж ба Тула парвоз мекард, шаби сешанбе тақрибан соати 21-30 аз пардаи радарҳо гум шуд. Бино ба хабарҳо, ин ҳавопаймо дар марзи байни вилоятҳои Орёл ва Тула суқут кардааст. То ҳол дар мавриди иллати сониҳа чизе гуфта намешавад.
XS
SM
MD
LG