Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳимояти Маскав аз ҳукми Ходорковский


Вазорати хориҷаи Русия интиқодоти Ғарб аз ҳукми нави Михаил Ходорковскийро талоши таъсир ба ин мурофиа ва як амри ғайриқобилиқабул унвон кард. Додгоҳ дар Маскав Ходорковский ва шарики ӯ Платон Лебедевро, ки аз соли 2003 дар зиндон ба сар мебаранд, ин бор дар сирқат ва шустушӯи миллиардҳо доллар пули нафт муҷрим шинохт. Қироати ҳукми тӯлонии онҳо дар додгоҳ 2 рӯз боз идома дорад ва шояд чанд рӯзи дигарро дар бар бигирад. Маскав дар як баёния даъвоҳо дар бораи намунаи таъқибҳои ҷудогона будани ин мурофиаро “бебунёд” хонда, радд кардааст. Аммо Кохи Сафед мегӯяд, чунин таъқибҳои инфиродӣ эътибори Русия ҳамчун кишвареро, ки ҷиҳати таҳкими ҳукми қонун тааҳҳуд супурдааст, замин мекунад.
XS
SM
MD
LG