Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Замони раёсати Назарбоевро то соли 2020 бурданианд


Куммиссиюни марказии интихоботи Қазоқистон пешниҳоди тарафдорони раиси ин ҷумҳурӣ Нурсултон Назарбоев ҷиҳати то соли 2020 тамдид кардани замони раёсати ӯро пазируфт. Қаблан як гурӯҳи тарафдорони Назарбоев аз ин ниҳод хоста буданд, ки барои шурӯъи ҷамъоварии имзоҳо ҷиҳати баргузории як райъпурсии саросарӣ ба манзури тамдиди замони раёсати ӯ иҷозат диҳад. Дар иҷлосияи муштараки парлумони Қазоқистон руасои ҳарду маҷлиси парлумон ба таъсиси як гурӯҳи ташаббускор, ки ин ибтикорро дар маърази раъйпурсӣ қарор диҳад, мусоидат карданд. Аммо як вакили мухолифин гуфт, чунин иқдом ҳуқуқи шаҳрвандонро поймол мекунад. Давраи феълии раёсати Назарбоев, ки аз соли 1989, инак 21 сол боз ба Қазоқистон раҳбарӣ мекунад, соли 2012 поён меёбад.
XS
SM
MD
LG