Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакилони дифоъ Кремлро айбдор мекунанд


Вакилони дифоъи раҳбарони пешини ширкати “ЮКОС” Михаил Ходорковский ва Платон Лебедев мақомоти Русияро дар фишор болои додгоҳи ноҳияи Хамовникии Маскав айбдор карданд. Вадим Клювгант, вакили дифоъи Ходорковский, гуфт, “он чӣ мо мешунавем, дар замирамон заррае шубҳаеро боқӣ намемонад, ки болои додгоҳ фишор сурат гирифтааст ва додгоҳ дар тасмимгирияш озод набуд “
Имрӯз дар мурофиаи дуввуми додгоҳӣ Ходорковский ва Лебедев дар яғмои 218 миллион тонна нафт муттаҳам шуданд. Айни ҳол қироати ҳукми додгоҳ идома дорад.
Ба иттилоъи хабарнигори Радиои Озодӣ, имрӯз дар канори бинои додгоҳи минтақаи Хамовникӣ тақрибан ҳазор нафар бо шиорҳо ва талаби раҳоии Ходорковский ва Лебедев ҷамъ омаданд. Раҳбарони ҳизби оппозитсионии “Барои Русияи бидуни хушунат ва фасод” бо нашри як изҳорот ҳукми нави додгоҳ дар баробари Ходорковский ва Лебедевро маҳкум намуданд.
XS
SM
MD
LG