Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Юрий Лутсенко барои ду моҳ боздошт шуд


Бо ҳукми додгоҳи шаҳри Киев собиқ вазири умури дохилӣ ва раиси ҳизби мухолифи “Худдифоъи мардумӣ” Юрий Лутсенко барои ду моҳ боздошт шуд. Лутсенко рӯзи 26 декабр дастгир ва муваззаф шуда буд, ки шаҳрро тарк накунад.
Вазири собиқ дар он айбдор мешавад, ки берун аз ваколатҳо пой гузошта, ба давлат ба маблағи 45 ҳазор доллар хисорот ворид кардааст. Мухолифин мегӯянд, ки боздошти Лутсенко ангезаи сиёсӣ дорад.
Бар пояи иттилоъи Додситонии Украина, алайҳи аъзои ҳукумати пешин, ба шумули сарвазири собиқ Юлия Тимошенко, 18 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
XS
SM
MD
LG