Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эквадор давлати Фаластинро ба расмият шинохт


Кишвари Эквадор Фаластинро ба ҳайси давлати мустақил расман эътироф кард. Дар изҳороте ки Вазорати умури хориҷии Эквадор пахш кардааст, гуфта мешавад, раисиҷумҳури ин кишвар ба қарори шинохти расмии Фаластин ҳамчун давлати озод ва мустақил дар марзҳои соли 1967 имзо гузошт. Соли 1967 барои таъкид ба қаламрави фаластиниҳо пеш аз ҷанги арабу- Исроил тазаккур ёфт. Аввали ин моҳ Бразилия, Аргентина ва Ууругвай Фаластинро ба расмият шинохта, ҳадафи накӯҳиши Исроил қарор гирифтанд.
XS
SM
MD
LG