Пайвандҳои дастрасӣ

Хатми машқҳои низомии Кореяи Ҷанубӣ


Кореяи Ҷанубӣ имрӯз машқҳои азими низомиро дар марз бо Кореяи Шимолӣ хотима дод. Мақомот гуфтанд, машқҳои минтақаи марзии Почеон бо ширкати садҳо нирӯҳо, тонку чархболҳо ва ҳавопаймоҳои ҷангӣ баргузор шуд. Президенти Кореяи Ҷанубӣ таҳдид кард, ки дар сурати анҷоми ҳамлае дар оянда, Кореяи Шимолӣ бо “муқовимати бераҳмона” рӯбарӯ хоҳад шуд. Лӣ Мюнг Бак гуфт, ки андешаи ин ки сокиту ором нишастан дар чунин ҳолат боиси эҷоди сулҳу субот хоҳад шуд, иштибоҳ аст. Моҳи гузашта Кореяи Шимолӣ ҷазираи Ёнгпиёнги Кореяи Ҷанубиро бомбборон кард, ки дар натиҷа чаҳор нафар кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG