Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти раҳбарони узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ


Истанбули Туркия имрӯз мизбони раҳбарони кишварҳои узви Созмонҳои ҳамкориҳои иқтисодӣ аст, ки барои ширкат дар он президентони Туркия, Эрон, Афғонистон, Покистон, Озарбойҷон, давлатҳои Осиёи Марказӣ гирди ҳам омадаанд. Ҳадафи даҳ кишвари узви ин созмон мусоидат дар густариши тиҷорати минтақаӣ ва ҳамкориҳои иқтисодӣ мебошад. Ҳомид Карзай ва Осифалии Зардорӣ, раҳбарони Афғонистон ва Покистон ба унвони нозири ин музокираҳо барои ширкат дар нишасти Истанбул даъват шудаанд.
XS
SM
MD
LG