Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дума фардо START-ро тасвиб мекунад


Раиси парлумони Русия Борис Гризлов гуфт, ки Думаи давлатӣ метавонад паймони коҳиши силоҳи ҳастаии Русияву Амрико, мавсум ба START-ро рӯзи ҷумъа ба тасвиб расонад. Изҳороти мазкур баъди он садо дод, ки рӯзи чоршанбе сенати Амрико бо раъйи аксар созишномаи нави стратегии коҳиши силоҳро пазируфт. Баъди мувофиқати палатаи поёнии парлумони Русия онро бояд палатаи болоӣ, яъне Шӯрои федератсия бипазирад. Рӯзи чоршанбе бо пуштибонии 71 ва мухолифати 26 аъзои Сенат паймони START ба тасвиб расид. Ин санад моҳи апрели имсол аз ҷониби президентҳои Амрико ва Русия – Барак Обама ва Дмитрий Медведев имзо шуд. Паймони мазкур коҳиши 30-дарсадаи кулоҳакҳои ҳастаии ин кишварҳоро дар давоми ҳафт соли оянда дар назар мегирад. Ҳар як аз ин кишварҳо набояд аз 1550 адад чунин силоҳ дар ихтиёр дошта бошанд. Барак Обама тасвиби созишномаро пайғоми хеле муҳим барои ҷаҳониён хонд. Русия, НАТО, СММ ва Ҷопон аз тасвиби созишнома дар сенати Амрико истиқбол карданд.
XS
SM
MD
LG