Пайвандҳои дастрасӣ

Хотимаи мубоҳисоти сенати Амрико доир ба паймони СТАРТ


Сенати Амрико бо як раъйгирӣ, ба мубоҳисот дар мавриди паймони нави коҳиши силоҳҳои стротежӣ бо Русияро хотима дод. Ба тарафдории хотимаи мубоҳисот 67 нафар раъй додаанд, ки инро нишонае аз тасвиби ниҳоии паймон дар сенат медонанд. Аз ҷумла даҳҳо нафар аз вакилони ҷумҳурихоҳ низ ба вакилони демократ пайваста хостори хотимаи мубоҳисот шудаанд. Роберт Гибс, сухангӯи Кохи Сафед гуфт, ҳукумат умедвор аст, ки сенат паймонро тасвиб хоҳад кард: "Сенаторҳо тамоми иттилоъоти лозимиро гирифтаанд ва мо мутмамин ҳастем, ки аз се ду ҳиссаи онҳо барои тасвиби санаде раъй хоҳанд дод, ки барои амнияти миллии мо фавқуллода муҳим аст."Барои тасвиби паймон, дар сурати ҳузури 100 вакили сенат раъйи мувофиқи 67 нафари онҳо зарур аст. Бар асоси Паймони коҳиши нави силоҳҳои стротежӣ миёни Русия ва Амрико, ки моҳи апрел имзо шуд, ҳар ду кишвар бояд теъдоди мушакҳои атомиашонро то 7 соли оянда коҳиш дода ва аз 1550 ададӣ бештар надошта бошанд.
XS
SM
MD
LG