Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мурофиа вазири собиқи қазоқ ба зудӣ оғоз мешавад


Додгоҳи Қазоқистон моҳи оянда ба мурофиаи додгоҳии Жаксилиқ Досқалиев, вазири собиқи беҳдошт шӯрӯъ хоҳад кард. Ба гузориши бахши қазоқии Радиои Озодӣ, вазири собиқ аз рӯзи 20 декабр аз тарафи муфаттишон бозпурсӣ мешавад, ҳарчанд ба гуфтаи вакили дифоъаш вазъи сиҳатиаш бад аст. Жақсилиқ Досқалиев, ба дуздии моликияти давлат, ришвахорӣ ва сӯистифода аз мақомаш муттаҳам мешавад. Ӯро моҳи октябр Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури Қазоқистон аз мақомаш барканор кард.
XS
SM
MD
LG