Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Келдибеков раиси парлумони Қирғизистон интихоб шуд


Аҳмадбек Келдибеков, раиси ҳизби “Ота Журт”, раиси парлумони Қирғизистон интихоб шуд. Номзадии ӯ аз сӯи эътилофи нави парлумонии иборат аз се ҳизб – “Республика”, “Ота Журт” ва сотсиал-демократӣ пешбарӣ шуда буд.
Имрӯз Жогорку Кенеш раиси ҳукумати нави Қирғизистонро низ интихоб мекунад. Ба ин мақом, тибқи созиши ҳосилшуда, номзадии раиси ҳизби сотсиал-демократӣ Алмосбек Отабоев пешбарӣ шудааст. Алмосбек Отабоев замони қудрати Қурмонбек Боқиев чанд муддат нахуствазири Қирғизистон буд.
Ҳадс зада мешавад, Феликс Қулов, раиси ҳизби “Оруномус”, ки аз эътилоф берун мондааст, раҳбари вакилони мухолифро бар дӯш мегирад.
XS
SM
MD
LG