Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷонибҳои тоҷикиву афғонӣ интиқоли барқро баррасӣ карданд


Имрӯз дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар Душанбе бо вазирони афғон суръат бахшидани бунёди роҳ ва хатти интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон баррасӣ шуд. Сарпарастии ҳайати Афғонистонро дар ин боздид Ҳазрат Умар Захивол-вазири молия бар ӯҳда дорад. Сохтмони роҳ ва интиқоли хатти барқ дар қаламрави Тоҷикистон то марзи Афғонистон анҷом ёфтааст. Вале ин корҳо бино ба сабаби нооромиҳо дар Афғонистон ба таъхир афтодааст. Симчӯбҳо дар баъзе қисматҳои қаламрави Афғонистон гузошта шудаанд, вале то ҳол симҳои интиқоли барқ васл нашудаанд. Ин корҳоро як ширкати эронӣ анҷом медиҳад.
XS
SM
MD
LG