Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама: Ҳолбрук Амрикоро нерӯмандтар ва мӯътабартар кард


Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, дар изҳороте дар робита ба даргузашти Ричард Ҳолбрук ӯро "яке аз шахсиятҳои бузурги сиёсати хориҷии Амрико" номидааст. Обама навиштааст, ки “Ҳолбрук тақрибан 50 сол ба кишвар хизмат карда, фаъолияти дипломатии ӯ Амрикоро нерӯмандтар, амнтар ва мӯътабартар сохтааст”.
Ричард Ҳолбрук, ки тайи ду соли ахир фиристодаи вижаи раисиҷумҳури Амрико дар умури Афғонистон ва Покистон буд, рӯзи душанбе дар бемористоне дар Вошингтон аз олам даргузашт. Ӯ охири ҳафтаи гузашта пас аз кафидани раги шарёни дил ҷарроҳӣ шуд ва дар вазъи сангин карор дошт.
Ричард Ҳолбрук яке аз муаллифони созишҳои Дейтон буд, ки понздаҳ соли пеш ба ҷанги шаҳрвандӣ дар Боснӣ хотима гузошт. Ӯ мақомҳои сафири Амрико дар Созмони Милали Муттаҳид ва Олмонро ишғол карда, ду дафъа ёвари вазири умури хориҷаи Амрико буд.
XS
SM
MD
LG