Пайвандҳои дастрасӣ

Узви фаъоли Ҳизби коммунисти Қазоқистон раҳо шуд


Дар Қазоқистон як узви фаъоли Ҳизби коммунистро бо хотимаи мӯҳлати зиндони ҳафтрӯза аз зиндон раҳо карданд. Ба гузориши бахши қазоқии Радиои Озодӣ, Андрей Суканов барои ширкаташ дар тазоҳурот алайҳи баркандани муҷассамаи Ленин аз маркази шаҳри Қарағанда ба зиндон маҳкум шуд. Ӯ дар девори майдони марказии шаҳр, навиштааст, ки “Фашистон Ленинро ором гузоред”. Мақомоти Қазоқистон, муҷассамаи Ленинро рӯзи 6 декабр аз маркази Қарағанда барканда ва дар як боғи ҳошияи шаҳр насб карданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG