Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нашри се номаи WikiLeaks дар бораи Тоҷикистон


Рӯзномаи бритониёии "Гордиан" бо шарҳи мухтасаре се номаи махфии Сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Тоҷикистонро, ки ба дасти торнамои ифшогари Викиликс афтодаанд, мунташир кард. Дар онҳо мушкилоти шадиди Тоҷикистон, шеваи раҳбарии раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, равобити Тоҷикистон ва Русия дар пасманзари ихроҷи марзбонони Русия аз Тоҷикистон ва густариши нуфузи Амрико дар ин кишвар баррасӣ шудаанд. Дар бархе аз номаҳо суханони ошкорои Раҳмон ба унвони Русия, Путин ва ҳушдори ӯ аз кӯшиши табаддулоти давлатӣ ба дасти нерӯҳои марзбони Русия дар якҷоягӣ бо фармондеҳи Горди раёсатҷумҳурӣ, генерал Ғаффор Мирзоев тазаккур ёфтаанд.
XS
SM
MD
LG