Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бархӯрди ОМОН ва мухлисони футбол дар маркази Маскав


Бар асари бархӯрд миёни мухлисони футбол бо кормандони нерӯҳои зудамали полис дар майдони Манежи маркази Маскав чандин нафар захмӣ шуданд. Ба иттилоъи хабарнигори Радиои Озодӣ, кормандони ОМОН даҳҳо нафарро боздошт карданд. Аз ин пеш тақрибан 6 ҳазор нафар ба шумули ҷавонони нажодпарасти рус аз мухлиси дастаи футболи Спартак Егор Свиридов дар канори манзилаш дар хиёбони Кронштат ёдоварӣ намуданд.
Ҳамин гуна ҳамоиш дар шаҳри Санкт-Петербург ҳам ба бархӯрд бо кормандони полис печид.
Егор Свиридов рӯзи 6 декабр дар як низоъ миёни мухлисони футбол ва қафқозиҳо аз тири силоҳ ба ҳалокат расид. Қотили ӯ аллакай боздошт шудааст.
XS
SM
MD
LG