Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахуствазири пешини Хорватия кишварашро тарк кард


Иво Санадер-нахуствазири собиқи Хорватия, ки барои ришвахорӣ бар зиддаш парванда боз шудааст, дирӯз дуруст дар соатҳои райи порламон дар бораи аз миён бардоштани масъунияти вай кишварашро тарк кард. Масъунияти вай бо дархости додситонӣ лағв шуд ва додситонӣ метавонист вайро боздошт кунад. Санадер ба Словения рафтааст. Вай аз соли 2003 то соли 2009 раҳбарии Иттиҳоди Демократии Хорватияро ба ӯҳда дошт. Ядранка Косар-нахуствазири кунунӣ, ки баъд аз Санадер ба ин мақом расид, чанд вазири давраи Санадерро барои ришвахорӣ зиндонӣ кардааст, зеро яке аз шартҳои вуруд ба узвияти Иттиҳодияи Аврупо мубориза бо ришвахорӣ дар Хорватия мебошад.
XS
SM
MD
LG