Пайвандҳои дастрасӣ

Манъи бурқа ва ниқоб дар Леридои Испания


Шаҳри Леридои Испания аввалин минтақаи ин кишвар шуд, ки дар он пӯшидани бурқа ва ниқоби исломӣ дар идораҳои давлатӣ расман мамнӯъ гашт. Ин шаҳр дар вилояти Каталония воқеъ аст, ки порлумони он моҳи майи имсол бо қабули як қонун бурқаро мамнӯъ эълон кард, вале иҷрои он ба таъвиқ афтода буд. Эълони нав ғолибан рамзӣ шумурда мешавад, зеро дар Леридо мусулмонон ҳамагӣ 3 дарсадро ташкил медиҳанд. Шаҳрдории Барселона гуфтааст, низ аз ин иқдом кор хоҳад гирифт. Аз 47 миллион нафар сокини Испания наздик ба 1 миллион нафар пайравони исломанд.
XS
SM
MD
LG