Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти Теҳрон ва кишварҳои ғарбӣ шурӯъ мешавад


Имрӯз дар шаҳри Женева музокироти миёни Эрон ва шаш кишвари пешрафтаи олам ифтитоҳ мешавад. Ин музокирот дар робита ба барномаи ҳастаии Эрон баъд аз таваққуфи тақрибан яксола аз сар гирифта хоҳад шуд.
Ҳайати шаш кишвари пешрафта - Бритониё, Чин, Фаронса, ИМА, Русия ва Олмонро раҳбари сиёсати берунаи Иттиҳодияи Аврупо Катрин Эштон сарварӣ мекунад.Ин кишварҳо умедворанд, ки дар музокирот бо Сайид Ҷалилӣ, раиси ҳайати музокираи ҳастаии Эрон, Теҳронро барои даст бардоштани аз идомаи ғанисозии ураниум мутмаин месозанд. Ва аммо Сайид Ҷалилӣ рӯзи якшанбе бори дигар эълом дошт, ки Теҳрон мавзӯъи қатъи ғанисозии ураниумро баррасӣ нахоҳад кард,
Дирӯз мақомоти Эрон гуфтанд, ки барои нахустин бор моддаи барои ғанисозии ураниум заруриро тавлид кардаанд ва он дар як таъсисоти ҳастаии кишвар ба ҳайси ашёи хом барои ғанисозии урануми сохти дохилӣ истифода хоҳад шуд.
Кишварҳои ғарбӣ Эронро дар талоши дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ айбдор мекунанд ва аммо Теҳрон мегӯяд, ки барномаи ҳастаияш аҳдофи осоишта дорад.
XS
SM
MD
LG