Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар кишварҳои халиҷи Форс арзи ягона вориди муомилот мешавад


Имрӯз дар Абу-Дабӣ, пойтахти Аморати муттаҳидаи араб, нишасти солонаи Шӯрои ҳамкориҳои кишварҳои арабии халиҷи Форс шурӯъ хоҳад шуд. Интизор меравад, ки дар ин нишаст мавзӯъи таъмини амният дар халиҷ ва вориди муомилот кардани арзи ягонаи минтақаӣ баррасӣ шавад. Ба Шӯрои ҳамкориҳои кишварҳои арабии халиҷи Форс – Баҳрайн, Кувайт, Уммон, Қатар, Арабистони саудӣ ва Аморати муттаҳидаи араб шомиланд.
Дар асноди ахиран нашркардаи сомонаи WikiLeaks омдааст, ки шоҳи Арабистони саудӣ чандин бор Вошингтонро барои зарба ба муассисаҳои ҳастаии Эрон таҳрик додааст.
XS
SM
MD
LG