Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳарчанд тоҷикон дар олами ҷиноии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба сурати умум ҳузури ночиз дошта, то ҳол номи онҳо нисбатан пок боқӣ мондааст, дар як ҳафта, дар як аёлат аз даст доштани онҳо дар ҷинояткории муташаккилона хабар пахш шуд.

Додситони Денвер, аёлати Колорадо, 16 нафарро ба дуздии 300 ҳазор доллари бонкҳои ин аёлат айбдор кард, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ва Русия будаанд. Чаҳор нафари онҳо, Азимҷон Маҷидови 22-сола, Фирӯз Шарифии 19-сола, Бобокалон Шарифови 20-сола ва Фирдавс Урунови 23-сола аз сарони ин ҳалқаи ҷиноӣ унвон шудаанд. Рӯзномаи "Денвер Пост" менависад, онҳо бо иттиҳоми ширкат дар ҷинояти муташаккилона ва 41 мавриди сирқат ва кӯшиши сирқат боздошт шудаанд.

Муфаттишон мегӯянд, ин гурӯҳ бо ифтитоҳи ҳисобҳои қалбакӣ дар бонкҳои Амрико ва аз ин ҳисобҳо берун кашидани пули нақд бо василаи чекҳои тақаллубӣ аз моҳи августи соли 2009 то ноябри имсол зиёда аз 300 000 долларро рабудаанд.

Дар ҳоли исбот шудани гуноҳашон чаҳоргона ва айбдоршавандагони дигар аз Иёлоти Муттаҳида ихроҷ хоҳанд шуд.

Бино бар қонунҳои Амрико шахсе, ки аз ин кишвар ихроҷ мешавад, тайи 10 соли оянда ҳаққи дархости раводиди сафар ба Иёлоти Муттаҳидаро нахоҳад дошт.

Дар шабакаи иҷтимоии "Фейсбук" шаҳрвандони тоҷики муқими Амрико ин амали ҳамдиёрони хешро маҳкум карданд ва бархе аз онҳо иқрор кард, ки дар байни ҷавонони тоҷик, ки дар Амрико кор ё таҳсил мекунанд, чунин ҷинояткорӣ густариш ёфтааст. Яке аз хонандагони шабака менависад, кор ба дараҷае расидааст, ки ҳатто баъзе бонкҳо дар аёлати Небраска барои шаҳрвандони Тоҷикистон расмулҳисоб боз намекунанд. Хонандаи дигар изҳори нороҳатӣ мекунад, ки агар бе ин ҳам гирифтани раводиди сафар ба Амрико барои шаҳрвандони Тоҷикистон мушкил буд, акнун мушкилтар мешавад.

Дар ҳамин ҳол Додгоҳи олии аёлати Колорадо шаҳрванди тоҷикасли Амрико, Дилором Осимоваро ба тақаллуб ва сирқати самроя аз хазинаи хадамоти тиббӣ ва бимаи давлатии беҳдоштии Амрико айбдор кард. Бино бар натиҷаҳои пажӯҳиш, Осимоваи 50-сола, ки дар байни беморон бо лақаби "Доктор Диля" шӯҳрат дорад, ҳаргиз пизишк набудааст.

Вай аз тарафи Террӣ Гарднер, бунёдгузори Маркази беҳдошти ТJD Medical Rehab истихдом шуда, барои муоина ва муолиҷаи беморон аз захираҳои молии Бимаи давлатии Амрико ва Бунёди кӯмаки тиббии аёлати Колорадо ба таври ғайриқонунӣ маблағ ситондааст.

Худи Террӣ Гарднер низ пизишк набуда, дар ширкати "Транс Стейтс Эйрлайнз" ба ҳайси сардори халабони ҳавопаймо кор мекардааст. Вале бино бар асноде ки Осимова омода ва ба хазинаҳои бима пешниҳод кардааст, "Доктор Гарднер" дар як вақт ҳам дар ҳаво парвоз мекарду ҳам дар Денвер беморонро муоина менамуд. Дар асл, худи Осимова бемории корафтодагонро ташхис ва барояшон табобат муайян мекардааст. Додситонҳо Осимова ва Гарднерро дар 14 ҳодисаи қаллобӣ айбдор мекунанд.

Мушкил эҳтимолан аз он ҷо маншаъ мегирад, ки дипломи донишгоҳҳои тиббии Тоҷикистон ва кишварҳои шӯравии собиқ дар Иёлоти Муттаҳида расман эътироф намешавад ва дар аксари марвидҳо пизишкони соҳибихтисос ва ботаҷрибаи тоҷик зери номи амрикоиҳо ва ё ба ҳайси ёвар номнавис шуда, дар аслан кори меҳварии бемористон ва дармонгоҳҳоро анҷом медиҳанд.

Барои бисёре аз шаҳрвандони Тоҷикистон ин нукта риққатовар аст, ки шаҳрванди Амрико Дилором Осимова, духтари президенти пешини Академияи улуми Тоҷикистон, Муҳаммад Осимист, ки дар соли 1996 дар шаҳри Душанбе кушта шуд. Пас аз қатли бародари ӯ, ҷарроҳи саршинос Ҷамшед Осимӣ бисёре аз аҳли хонадони Осимӣ Тоҷикистонро тарк карда, қисме дар чанд кишвари хориҷӣ ба сар мебаранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG