Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон дар Женева бо қудратҳои ҷаҳонӣ мулоқот мекунад


Баъд аз як соли таваққуф қарор аст имрӯз нахустин музокироти ҳастаии Эрон бо 6 кишвари бузурги ҷаҳон дар Женева баргузор шавад. Мақомоти расмии Ғарб мегӯянд, онҳо умедворанд, ки музокироти дурӯза бо Саид Ҷалилӣ- Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон ба музокироти воқеӣ барои пайдо кардани роҳи ҳали барномаҳои ҳастаии Эрон табдил хоҳад ёфт. Аммо Эрон мегӯяд, ки қатъи ғанисозии уран роҳи ҳали масъала нест. Рӯзи якшанбе Эрон эълон кард, ки бори нахуст моддаеро тавлид кардааст, ки барои ғанисозии уран истифода мешавад, уране, ки барои тавлиди сӯхти ҳастаӣ ба кор меравад. Алӣ Акбар Солеҳӣ-раиси созмони энержии атомии Эрон аз ин иқдом пазироӣ кард ва аз ин моддае, ки акнун дар Эрон тавлид мешавад, ба истилоҳ "Кейк ё кулчаи зард" ном бурд.
XS
SM
MD
LG