Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дирӯз дар Миср даври дуввуми интихобот баргузор шуд


Дирӯз аҳолии Миср бори дуввум пои сандуқҳои рай рафтанд, то аъзои порламони худро интихоб кунанд. Ҳафтаи пеш интихоботи порламонӣ баргузор шуд, вале натиҷаҳои онро напазируфтанд ва иддао шуд, ки дар натиҷаҳои интихобот ба тақаллуби зиёд роҳ додаанд. Ҳизби ҳокими NDP, ки дар даври аввали интихобот тақрибан ҳамаи курсиҳои порламонро ба даст оварда буд, ба эҳтимоли зиёд дар даври дуввуми интихобот низ баранда шинохта мешавад. Порламони Миср дорои 508 курсӣ мебошад ва дар райдиҳии дирӯз сарнавишти тақрибан 50 дарсади ин курсиҳо ҳал шуд. Дирӯз ҳамчунин гузориш мерасид, ки дар шимол ва ҷануби кишвар даргириҳои мусаллаҳона рух додааст ва райи одамонро мехаридаанд.
XS
SM
MD
LG