Пайвандҳои дастрасӣ

Суқути се моҳвораи русии марбут ба тарҳи Glonass


Бино ба гузориши хабаргузории русии РИА Новости, се моҳвораи Русия, ки ба манзури такмили шабакаи роҳнамои Glonass ба мадор партоб шуданд, аз масири парвози худ хориҷ рафта, дар наздикии ҷазоири Ҳавайя болои обҳои уқёнуси Ором суқут кардаанд.
Сухангӯи Роскосмос, Ожонси кайҳоншиносии Русия ба Ройтерс гуфтааст, моҳвораҳо аз масири парвози худ хориҷ шуда, “вазъияти пешбининошудае” пеш омадааст. Аммо ин манбаъ аз таъйиди хабари суқути моҳвораҳо худдорӣ варзид.
Ин моҳвораҳо бояд тавассути мушакбари “Протон-М”, ки субҳи якшанбе аз пойгоҳи кайҳонии Байконур дар Қазоқистон партоб шуд, ба мадор расонда мешуданд.
Шабакаи Glonass ҳанӯз дар солҳои 80 аз сӯи низомиёни Русия таҳия шуда, Маскав онро як алтернатива ба шабакаи амрикоии GPS ва аврупоии Galileo дониста, бо он ифтихор мекард.
XS
SM
MD
LG