Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҷрӯҳшавии шогирди мактаб дар Балҷувон


Дар ҷараёни даргирии як гурӯҳи мусаллаҳ бо мақомоти амниятӣ ва интизомӣ дар ноҳияи Балҷувон як хонандаи мактаби миёнаи ин ноҳия маҷрӯҳ шудааст. Масъулини беморхонаи ноҳияи Балҷувон вазъи сиҳатии Некрӯз Холовро, ки бар асари даргирӣ аз пояш ҷароҳат бардоштааст, мӯътадил арзёбӣ мекунанд.
Дар ин даргирӣ, ки шоми 1 декабр сар зад, дасти кам чаҳор корманди амниятиву милиса кушта ва чаҳор нафар захмӣ шуданд. Муҳаммад Шоҳ, сардабири нашрияи "Навиди Балҷувон" субҳи имрӯз дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ки дар минтақа зоҳиран фазои ороме ҳукмрон аст, аммо ҳамоно вазъро нирӯҳои амниятӣ таҳти назорат доранд. Дирӯз шом аз Балҷувон хабар расид, ки ба ҷустуҷӯи гурӯҳи мусаллаҳи ношиноси тахминан ҳаштнафара сохторҳои ҳифзи қонун чӯпонҳои маҳаллиро ҷалб кардаанд.
XS
SM
MD
LG