Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти МАГАТЭ дар Вена поён меёбад


Имрӯз дар Вена нишасти дурӯзаи Оҷонси байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ ва ё МАГАТЭ поён меёбад. Мавзӯъи аслии нишаст - барномаи ҳастаии Эрон эълон шудааст. Дар нишасти шоми дирӯз гуфта шуд, ки баъд аз 8 соли таҳқиқу тафтиш МАГАТЭ натавонистааст ҳадафҳои аслии барномаи ҳастаии Эронро мушаххас намояд. Теҳрон мегӯяд, ки ин барнома фақат аҳдофи осоишта дорад ва аммо ҷомеъаи ҷаҳонӣ аз талоши дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ аз сӯи Эрон ҳадс мезанад. Қарор аст, ки рӯзҳои 6 ва 7 декабр дар Женева музокироти ҳайати Эрон бо ҳайатҳои панҷ узви доимии Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид ба изофаи Олмон аз сар гирифта шавад.
XS
SM
MD
LG