Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барфу сардӣ роҳҳои Аврупоро масдуд карданд


Бар асари барфбориҳои шадид имрӯз ҳаракати тақрибан нисфи қаторҳои Eurostar аз Лондон ба Порис ва Брюссел боздошта хоҳад шуд. Ба навиштаи хабаргузориҳо, имрӯз ҳам чанд фурудгоҳ, аз ҷумла Гатвики Бритониё, Эдинбурги Шотландияв, Лиони Фаронса ва Женеваи Швейтсария бар асари барфи зиёд баста хоҳанд буд.
Ҳавои сард тақрибан ҳама қораи Аврупоро фаро гирифтааст. Дар Лаҳистон аз сардӣ дасти кам 8 нафари бехонумон аз олам даргузаштаанд. Расонаҳои Олмон дар бораи дасти кам ду ҳазор садамаи нақлиётӣ дар роҳҳои пурбарфи кишвар хабар доданд.
XS
SM
MD
LG