Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"WikiLeaks": Амрико нигарони таслиҳоти ҳастаии Покистон аст


Мукотиботи маҳрамонаи дипломатии Амрико нигарониҳои Ғарб аз эҳтимоли ба маводи ҳастаии Покистон даст ёфтани ҷангиёни исломӣ ва шакк доштани Амрико ба тавонмандиҳои давлати заиф дар Исломободро бозгӯ мекунад. Ин аснод дирӯз дар рӯзномаҳое нашр шуд, ки бо “WikiLeaks” ҳамкорӣ доранд.Ин сомонаи моҷароҷӯ 250 000 санади маҳрамонаи сафоратхонаҳои Амрико дар саросари ҷаҳонро ба даст овардааст.
Сухангӯи вазорати хориҷаи Покистон дар вокуниш чунин нигарониҳоро “номуносиб” номид. Мақомоти Амрико ва Ғарб дар бораи ба таслиҳоти ҳастаии Покистон даст ёфтани ҷангиёни Толибон ва Ал-Қоида изҳори ташвиш мекарданд, вале дар мазҳари омм одатан мегуфтанд, ки ба маҳфуз будани ин таслиҳот эътимод доранд.
XS
SM
MD
LG