Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи "Миллат" бо вазорати кишоварзӣ доир нашуд


Баррасии баҳси байни вазорати кишоварзии Тоҷикистон ва ҳафтаномаи мустақили “Миллат”, ки бояд имрӯз дар додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе оғоз меёфт, ба тавқиф гузошта шуд. Адолати Мирзо, муассиси “Миллат” ба Радиои Озодӣ гуфт, таърихи ҷадиди шурӯъи мурофиаро ҳанӯз эълон накардаанд: “Мо тибқи огоҳиномаи додгоҳӣ, субҳи имрӯз ба додгоҳ ҳозир шудем. Аммо соати 10, ҳангоми шурӯъи мурофиа ба мо хабар доданд, ки баррасиро ба таъвиқ андохтаанд. Чун мо сабаб пурсидем, сабабаш дар рух додани сӯъитафоҳум дар даъвати ҷонибҳо будааст. Қавл шуд, ки ба муҷарради машварат бо тарафайн дар зудтарин фурсат мурофиа баргузор бишавад, аммо санаи дақиқашро барои мо шарҳ надоданд.”
Вазорати кишоварзӣ дуруст як сол қабл як матлаби нашршуда дар “Миллат”-ро, ки аз қавли мақомоти Ожонси зиддифасод ин вазоратро дар шумори фасодзадатарин идороти давлатии Тоҷикистон ном мебурд, тӯҳматомез дониста, бо талаби 1 миллион сомонӣ товон ба додгоҳ шикоят бурд. Нашрия низ ба навбаи худ ба додгоҳ даъвои мутақобила бурда, аз вазорати кишоварзӣ 1 сомонӣ тавон талаб кардааст.
XS
SM
MD
LG