Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пентагон: Сарбозони кушташуда амрикоӣ буданд


Вазорати дифоъи ИМА тайид кард, ки ҳамаи шаш сарбози бар асари як ҳамла дар давраи омузишӣ дар шарқи Афғонистон кушташуда низомиёни амрикоӣ буданд. Ба иттилоъи Пентагон, дирӯз дар ҷараёни тамринҳои низомиёни НАТО ва сарбозони афғон як марди либоси корманди полис дар тан сӯи ҳарбиёни хориҷӣ оташ кушод. Дар ин ҳодиса 6 сарбози НАТО ба ҳалокат расиданд. Дар як даргирии кӯтоҳ ҳамлагар ҳам кушта шуд.
Ба гуфтаи Аҳмадзиё Абдулзай, сухангӯи волии Нангарҳор, ҳамла аз сӯи як афсари собиқи афғон сурат гирифтааст, ки ахиран ба тарафи толибон гузаштааст. Давраи омузишӣ ба мавзӯъи интиқоли таъмини амният ба нерӯҳои афғон бахшида шуда буд.
XS
SM
MD
LG