Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирозҳо алайҳи тақаллуб дар интихоботи Миср


Дар Миср садҳо ҷонибдорони созмони “Бародарони мусалмон” дар канори қитъаҳои интихоботӣ намоишҳои эътирозӣ доир карданд. Онҳо мақомотро дар қонуншиканиҳо ва тақаллуб зимни баршумурдани раъйҳо дар интихоботи ахири парлумонӣ айбдор карданд. Ба иттилоъи намояндагони ин созмон, қабл аз шурӯъи раъйдиҳӣ дасти кам 1200 тан аз ҷонибдорони онҳо аз сӯи мақомот боздошт шуданд.
Қарор аст, ки натоиҷи расмии интихоботи парлумонӣ имрӯз эълон шавад. Интизор меравад, ки ҳизби ҳокими Миллӣ-демократӣ бештари курсиҳои парлумони Мисрро ба даст оварад.
XS
SM
MD
LG