Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суқути ҳавопаймои боркаши русӣ дар Карочии Покистон


Як ҳавопаймои боркаш ба рӯи минтақаи маскунии калонтарин шаҳри Покистон фурӯ афтод. Хонаҳо дар ин бахши Карочӣ оташ гирифтаанд ва гуфта мешавад, ҳамаи ҳашт сарнишини ҳавопаймо, ки рус будаанд, кушта шудаанд. Ин ҳавопаймо, ки озими Судон будаст, пас аз ду дақиқаи бархостанаш аз замин, дар маҳалли сохтмони як минтақаи маскунӣ, ки ҳанӯз касе дар он зиндагӣ намекард, фурӯ афтодааст. Шоҳидон мегӯянд, ҳавопаймои бузурги сохти русӣ метавонист, ба рӯи сернуфустарин минтақаи шаҳр фурӯ афтода, ҳазорон кушта ба ҷой гузорад.
XS
SM
MD
LG