Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷамъбасти нишасти Созмони Шанхай дар Душанбе


Нишасти солонаи сарвазирони Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар Душанбе бо тасвиби як эъломияи муштарак ва тарҳи будҷаи соли ояндаи ин созмон ба поён расид. Аҳли нишаст ба зарурати таҳкими равобити миёни кишварҳои узв таъкид карданд. Созмони Шанхай феълан 6 кишвар – Русияву Чин, Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистону Узбакистонро муттаҳид мекунад ва 4 кишвари дигар дар он мақоми нозирро доранд. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи нишасти Созмони Шанхай бо бисёре аз меҳмонон, аз ҷумла бо сарвазири Русия Владимир Путин ва раисиҷумҳури Қирғизистон Роза Отунбоева мулоқотҳои алоҳида анҷом дод.
XS
SM
MD
LG