Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирозҳои серҷамъият зидди Саакашвилӣ


Имрӯз дар маркази Тифлис чандин ҳазор сокини Гурҷистон зидди сиёсати президент Михаил Саакашвилӣ раҳпаймоӣ карданд. Хабаргузории Франс Пресс гузориш медиҳад, ки беш аз ҳафт ҳазор тарафдори мухолифин дар беруни сохтмони парлумони Гурҷистон гирди ҳам омада хиёбони марказии ба номи Руставелии шаҳрро масдуд карданд. Раҳбарони мухолифин гуфтанд, ин талоши навест барои аз қудрат дур кардани Саакашвилӣ, ки ба гуфтаи онҳо аз замони баъди инқилоби “садбаргҳо” ҳафт соли пеш сари қудрат омаданаш аз ҳад зиёд худкомаву мустабид мешавад.
XS
SM
MD
LG