Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Болоравии қимати ғизо бо сабаби хушксолӣ


Азия-Плюс аз қавли вазорати рушди иқтисодӣ ва тиҷорат навишт, ки дар Тоҷикистон мисли кишварҳои дигари ҷаҳон қимати маводи ғизо дар ҳоли афзудан аст. Арзёбӣ ё мониторинги мутахассисони ин вазорат нишон дод, ки дар муқоиса бо моҳи октябри имсол нархҳои баъзе маводи аслии ғизои хонаводаҳо, ба мисли шакару равғани растанӣ, тухм ва шир аз 21 то 30 дар сад афзоиш ёфтааст. Сабаби ин, гуфтанд мутахассисони вазорати иқтисод, дар омадани хушксолӣ, коҳиши ҳосил, камбуди ғизо ва ҳамчунин афзоиши қимати сӯзишворӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ мебошад.
XS
SM
MD
LG