Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чину Русия бо пулҳои худ тиҷорат хоҳанд кард


Сарвазири Русия Владимир Путин гуфт, Русияву Чин розӣ шудаанд, истифодаи асъори миллӣ дар тиҷорати дуҷонибаро афзоиш диҳанд. Путин дар пайи музокирот бо ҳамтои чиноияш Вен Ҷибао гуфт, Русия аз моҳи оянда харидуфурӯши юани Чинро дар бозори арзи Маскав иҷозат хоҳад дод. Чин ҳам тиҷорати рубли русиро дар бозори арзаш ба тозагӣ иҷозат дод. То кунун бахши аъзами муомилоти Русияву Чин бо доллари Амрико сурат мегирифт.
Дар ҷараёни музокирот, ширкати русии “Атомстройэкспорт” барои эҳдоси ду реактори дигар дар нирӯгоҳи ҳастаии Тиёнван дар ҷануби Шанхай қарордод баст. Маблағи қарордод эълон нашудааст.
XS
SM
MD
LG