Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натоиҷи интихоботи Афғонистон имрӯз эълон хоҳад шуд


Қарор аст, Куммиссиюни мустақили интихоботи Афғонистон имрӯз натоиҷи ниҳоии интихоботи парлумонии рӯзи 18 сентябрро нашр кунад. Нашри ин натоиҷ ба хотири анҷоми баррасии беш аз 6000 шикояти расида дар бораи тахаллуфот дар ҷараёни раъйгирӣ чунин тӯл кашид. Рӯзи якшанбе Дафтари расидагӣ ба шикоёти интихоботӣ пирӯзии 21 номзади барандаи интихоботи парлумониро ба далели тақаллуби оро ботил карда, роҳро барои эълони натоиҷи ниҳоии интихоботи 249 вакили Вулусӣ Ҷирга, маҷлиси поёнии парлумони Афғонистон, ҳамвор сохт. Бо ин ҳол, Пентагон дар гузориши наваш мегӯяд, фасоди саросарӣ талошҳои Амрикову НАТО ҷиҳати таҳкими амният ва рушд дар Афғонистонро замин мекунад. Ин гузориши вазорати дифоъи Амрико ҳамчунин мегӯяд, хушунат дар ин кишвар ба ҳадди то ҳол бесобиқае авҷ гирифта, муқовимати чирикиҳо низ мураккабтар мешавад.
XS
SM
MD
LG