Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ирландия расман барои қарзи байналмилалӣ дархост дод


Ирландия рӯзи якшанбе расман барои қарзҳои саршори ИА ва Сандуқи байналмилалии пул ба низоми буҳронзадаи бонкиаш дархост дод. Вазирони молияи ИА билофосила ин дархостро пазируфта гуфтанд, ки ин иқдом ҳифзи суботи молӣ дар ИА ва минтақаи евроро ба ҳадаф дорад.
Бонки марказии Аврупо гуфт, ин кумак таҳти шароити шадиде, ки дар Дублин бо ИА ва Сандуқи пул музокирот шуда буд, ироа мешавад. Вазирони 7 кишвари пешрафтаи дунё аз гурӯҳи G7 низ дирӯз ба зарурати тадобире таъкид карданд, ки аз сирояти бӯҳрони бонкии Ирландия ба манотиқи дигар пешгирӣ кунад. Вазири молияи Ирландия Браян Ленинан қаблан гуфт, ки Дублин чизе камтар аз 100 миллиард евро қарз мехоҳад. Кишварҳои минтақаи евро тарс доранд, ки буҳрони Ирландия боиси уфти бештари қурби евро хоҳад шуд. Президенти ИА Ҳерман Ван Ромпуй гуфт, масъала масъалаи ояндаи дури ин созмони иборат аз 27 кишвар аст.
XS
SM
MD
LG