Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми раҳоии блогнависи дуввуми озарӣ


Додгоҳи Озарбойҷон рӯзи ҷумъа дастури раҳоии блогнависи дуввум Эмин Миллиро ҳам содир кард. Ҳамқалами ӯ Аднон Ҳоҷизода рӯзи панҷшанбе аз зиндон раҳо ёфта буд.
Ин ду блогнавис дар моҳи ноябри соли 2009, 5 моҳ баъд аз як занозанӣ дар тарабхонае дар Боку бо ҷурми авбошӣ ба 2 ва 2,5 соли зиндон маҳкум шуданд. Аммо ҳарду блогнавис ҳукми зиндони худро ҳомили ангезаҳои сиёсӣ унвон мекунанд. Аднон Ҳоҷизода ва Эмин Миллӣ дар пайи дар Интернет гузоштани навори видеоиии нишасти хабарии хар, ки амалкардҳои давлатро ба танз мекашид, ҳукми зиндон гирифтанд, ки ин боиси бурузи нигаронии гурӯҳҳои дифоъ аз озодии матбуот ва мақомоти хориҷӣ аз вазъи озодии матбуот дар Озарбойҷон шуд.
XS
SM
MD
LG