Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Яке аз блогнависони озарбойҷонӣ аз ҳабс озод шуд


Яке аз ду блогнависи озарбойҷонӣ, ки ҳукми ҳабси онҳо эҳтирозҳои байнулмилалиро ба вуҷуд оварда буд, бо қарори додгоҳи болоӣ ба озодӣ баромад. Додгоҳ гуфт, Аднон Ҳоҷизода пас аз ду соли ҳабс барои авбошӣ метавонад, озод шавад. Блогнависи дувум, Амин Миллӣ, ки ба дуним соли зиндон маҳкум шудааст, дар маҳбас боқӣ хоҳад монд. Ҳарду журналист дар моҳи ноябри соли 2009 баъд аз як ҷанҷол дар ресторан боздошт шудаанд. Аммо ҳамкасбони онҳо ва созмонҳои озодии матбуот мегӯянд, сабаби аслии ҳабси онҳо пахши видеои нишасти хабарии як хар аст, ки дар бораи зиндагӣ дар Озарбойҷон сӯҳбат мекунад. Ҳоҷизода ба Радиои Озодӣ гуфт, вай ҷинояткор нест ва ба озодии шарикаш даъват кард.
XS
SM
MD
LG