Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар оянда ҳамкориҳои Ҳинд бо Тоҷикистон равнақ меёбад


Бино ба хабари "Азия Плюс" , имрӯз Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси Намояндагони порламони Тоҷикистон бо Аситҳ Кумар Бҳаттачарҷӣ-сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон масъалаи ҳамкориҳои байнипорламониро баррасӣ кардаанд. Сафири Ҳинд гуфтааст, кишвараш ба ҷавонони тоҷик кӯмак хоҳад кард, ки онҳо забони англисиро омӯзанд. Ҷонибҳо таъкид карданд, ки дар ояндаи наздик миёни Душанбе-Деҳлӣ хати ҳавоӣ боз хоҳад шуд. Гузашта аз ин сафири Ҳиндустон гуфт, кишвараш омода аст дар Тоҷикистон шифохонае боз кунад ва дар он як ҷо бо табибони Ҳиндустон табибони тоҷик низ кор хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG