Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастаи футболи Тоҷикистон бар Афғонистон пирӯз шуд


Имрӯз дастаҳои мунтахиби футболи Тоҷикистону Афғонистон дар шаҳри Душанбе бозии дӯстона анҷом доданд. Бозӣ дар варзишгоҳи марказии пойтахт баргузор шуд. Дар дақиқаи 33-юми қисмати аввали бозӣ Фаррух Чориев ба дарвозаи меҳмонон зад. Дастаи мунтахаби Афғонистон зери раҳбарии Клаус Штарк-мураббии олмонӣ то 24-ӯми ноябр машқҳои худро дар Тоҷикистон идома медиҳад. Дар ин муддат ин даста як бозии дигар бо дастаи олимпии Тоҷикистон низ анҷом медиҳад. Ин бозӣ 23-юми ноябр дар назар гирифта шудааст ва дар шаҳри Турсунзода баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG