Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бритониё ба бандиёни собиқи Гуантанамо ғаромат мепардозад


Давлати Бритониё ба гурӯҳе аз бандиёни собиқи Гуантанамо ғаромат мепардозад, ки нерӯҳои амниятии бритониёиро дар ҳамкорӣ ба шиканҷаи худ муттаҳам мекунанд. Кеннет Кларк, вазири адлияи Бритониё дирӯз ба порлумони кишвараш гуфт, дар ин замина миёни ҳукумат ва бандиёни собиқи Гуантанамо, як тавофуқи хориҷ аз додгоҳ ҳосил шудааст. Бино ба гузориши Би Би Си давлати Бритониё ба 16 бандии собиқи Гуантанамо, ки қисме шаҳрванди Бритониё ҳастанд ва қисме ҳаққи иқомати кишварро доранд, ғароматҳои чандмиллион долларӣ мепардозад.
XS
SM
MD
LG