Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 51 нафар дар фурӯпошии бино дар Ҳинд


Фурӯпошии як бино дар Деҳлӣ, пойтахти Ҳиндустон ба ҳалокати 51 ва ҷароҳати зиёда аз 70 нафар сабаб гашт. Полис мегӯяд, эҳтимолан даҳҳо нафари дигар дар зери шикастпораҳои он мондаанд. Дар ин бино дар шарқи Деҳлӣ наздик ба 200 нафар ба сар мебурданд. Сабаби фурӯпошии бино дақиқ нест, вале мақомот гумон доранд, боронҳои мавсимӣ пойдевори биноҳои зиёдеро тахриб кардаанд.
XS
SM
MD
LG