Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баёнияи Ҳилларӣ Клинтон доир ба талошҳои сулҳи Ховари Миёна


Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷаи Амрико дирӯз гуфт, Бенямин Нетаняҳу нахуствазири Исроил, дар баррасии бастаи пешниҳодии Амрико барои тавқифи шаҳраксозиҳо, талошҳои ҷиддиеро оғоз кардааст. Амрико аз Исроил хостааст, дар ивази бастаи ташвиқии сиёсиву амниятӣ, бунёди шаҳракҳои яҳудинишин дар Каронаи Бохтарии Рӯди Ӯрдунро барои се моҳ боздорад. Хонум Клинтон гуфт, ки Амрико дар тамоси наздик бо Исроил ва Фаластиниён аст, то музокироти сулҳ аз сар гирифта шавад. Бастаи пешниҳодии Амрикоро, ҳукумати Исроил рӯзи якшанбе баррасӣ мекунад. Фаластиниён гуфтаанд, шаҳраксозиҳо бояд дар тамоми қаламравҳои ишғолӣ аз ҷумла Байтулмуқаддаси шарқӣ муттавақиф шавад. Баъди аз сар гирифтани бунёди шаҳраксозиҳо дар Канораи бохтарӣ, фаластиниён музокироти мустақими сулҳ бо Исроилро тарк карданд.
XS
SM
MD
LG