Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи маросими Ҳаҷ бо ширкати 2 миллион нафар


Бештар аз 2 миллион нафар, дирӯз маросими Ҳаҷҷро шурӯъ карданд ва роҳҳоеро мепаймоянд, ки 1400 сол пеш ҳазрати Муҳаммад тай кардааст. Маросими Ҳаҷ аз шаҳри Мино воқеъ дар шарқи Макка шурӯъ мешавад. Мавҷи зоирин пиёдаву савора ба самти водии Мино, дар се километрии шаҳри Макка ҳаракат карданд.

Чаҳоряки сокинони курраи Замин ҳоло мусулмонанд ва таври маълум анҷоми маросими Ҳаҷ барои ҳар мусулмон фарз аст ба шарте, ки имкони молии зиёрати хонаи Худоро дошта бошад.

Бузургтарин маросими мазҳабӣ дар ҷаҳон

Маросими Ҳаҷ бузургтарин маросими мазҳабӣ дар ҷаҳон аст. Мақомоти Арабистони Саудӣ мегӯянд, имсол ба 1 миллиону 700 ҳазор нафар аз кишварҳои хориҷӣ ҳаққи анҷоми маросими Ҳаҷро додаанд ва 200 ҳазор нафари дигар аз худи Арабистони Саудӣ ва кишварҳои Халиҷи Форс меоянд. Аз Тоҷикистон имсол 5 ҳазору 200 нафар барои зиёрати Маккаву Мадина рафтаанд.

Ҷабраил Иброҳим, як сокини Нигерия мегӯяд, солҳо мунтазири раводиди Арабистони Саудӣ буд, то дар маросими Ҳаҷҷи имсола тавонад ширкат кунад.

«Воқеан бояд хушбахт бошед, ки ба зиёрати Ҳаҷ сарфароз шавед, зеро афроди зиёде ҳастанд, ки сарвату имконоти зиёд доранд, аммо инҷо набудаанд. Агар шумо дар инҷо бошед, пас бояд Худоро шукр гӯед.»

Ҳодисаҳои нохуши ҳаҷ дар гузашта

Дар солҳои гузашта маросим Ҳаҷ бо ҳодисаҳои нохуше олуда шуда буд. Аз ҷумла оташсӯзӣ, фӯру рехтани меҳмонхонаҳо, бархӯрди пулис бо тазоҳургарон ва ҳам бебандубории маргбор зимни маросим.

Баъди ҳалокати 362 зоир дар соли 2006, мақомоти Арабистони Саудӣ кӯшидаанд, то бо сохтани таъсисоте, ҳаракати сели бузурги зоиринро осонтар кунанд. Дар хати маҳалҳои зиёрат ҳоло чиниҳо як хати қатори роҳи оҳане кашидаанд, то нагузоранд, ки издиҳоми ҳоҷиён беш аз ҳад бузург шавад. Роҳи оҳани мазкур, ки барои он як миллиарду 800 миллион доллар харҷ шудааст, 18 километр тӯл дорад ва қарор аст, дар зарфи 5 рӯзи ҳаҷ 180 ҳазор мусофирро интиқол диҳад.

Ҳамлаҳо аз тарафи ҳалқаҳои минтақавии Ал-Қоида ба маросими Ҳаҷ имсол сарфи назар нашудааст ва низомиёни Арабистони Саудӣ ба маҳалли маросим сафарбар шудаанд. Аммо ҳалқаи Ал-Қоида дар нимҷазираи Араб рӯзи гузашта бо нашри баёнияе гуфтааст, ки ҳеҷ қасди ҳамла ба зоиронро надорад.
XS
SM
MD
LG