Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати шоҳзодаи Британия дар Якшанбеи Ёдбуд дар Ҳилманд


Виллям-шоҳзодаи Британия имрӯз ба Афғонистон ворид шуд ва дар маросими бузургдошти хотираи қурбониёни ҷанг дар рӯзи Якшанбеи Ёдбуд ширкат ҷуст. Ҳар сол якшанбеи дуввуми моҳи ноябр ин рӯз баргузор мешавад ва дар ҷараёни он собиқадорони низомии Британия раҳпаймоӣ анҷом медиҳанд ва хотираи қурбониёнро гиромӣ медоранд. Ин маросим аз поёни соли Ҷанги Ҷаҳонии Якум то ҳол баргузор мешавад. Шоҳзодаи 28-солаи Британия, ки барои курсии салтанат шахси дуввум дониста мешавад, имрӯз дар Ҳилманди Афғонистон бар пояи ёдгории қурбониёни ҷанг гулчанбар гузошт. Ҳоло дар Афғонистон 9 500 нафар низомиёни Британия хидмат мекунанд.
XS
SM
MD
LG