Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико ва Қазоқистон қарордоди нави ҳамкорӣ имзо карданд


Амрико ва Қазоқистон қарордоди наве имзо карданд, ки тибқи он барои ҳамлу нақли маводу колои нируҳои Амрико ба Афғонистон аз тариқи Қазоқистон хати нави ҳавоӣ боз мешавад. Амрико бо истифода аз ин хати нави ҳавоӣ барои мубориза бо терроризм ва соири гурӯҳҳои тундрав дар Афғонистон акнун метавонад ба нируҳои худ маводу колои бештари мавриди ниёз фиристад. Вазорати корҳои хориҷаи Амрико дар изҳороте гуфтааст, Амрико баъд аз оғози мубориза бар зидди терроризм дар соли 2001 дар Афғонистон ҳарими ҳавоии Қазоқистонро барои ҳамлу нақли тарнзитӣ истифода мекард. Акнун қарордод заминаи ҳамкориҳои беҳтар ва бештарро фароҳам хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG