Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истиқболи Обама аз таҳаввулоти ахири Ироқ


Раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама, аз ҳалли бӯҳрони сиёсӣ дар Ироқ ва иқдоми сарвазири ин кишвар Нурӣ Ал-Моликӣ ба ташкили ҳукумат истиқбол кард. Вай ин таҳаввулотро ҳаракат ба пеш номид ва изҳори умедворӣ кард, ки як ҳукумати "фарогир"-и ироқӣ таъсис хоҳад ёфт. Дар изҳороти Кохи сафед гуфта мешавад, Обама, таҳаввулоти ахири Ироқро пешрафти муҳиме дар расидагӣ ба ормонҳои миллати Ироқ ва натиҷаҳои интихоботи порлумонӣ номид. Бино бар изҳорот, Обама таъкид кардааст, ки ҳамаи эътилофҳои пирӯзи Ироқ бояд дар мақомоти раҳбарии ин кишвар ҳузур дошта бошанд.
XS
SM
MD
LG